Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як гумонбар дар "Матросская тишина"


Дар маҳбаси муваққатии “Матросская тишина”-и Маскав Вера Трифонова, ки дар талоши қаллобӣ айбдор мешуд, аз олам даргузашт. Аз Хадамоти федеролии иҷрои муҷозоти Русия ба хабаргузории “Интерфакс” гуфтанд, ки ба эҳтимоли зиёд сабаби марги Трифонова - бемории қалб аст.
Вера Трифонова бо вуҷуди беморӣ моҳи декабри соли 2009 боздошт шуд. Ба иттилоъи мақомоти тафтишотӣ, Трифонова ва вакили Думаи вилояти Магадан Георгий Шамирян ба ду банкдор пешниҳод намуданд, ки ба баҳои якуним миллион доллар барои аъзои Шӯрои Федератсия таъин шуданашон мусоидат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG