Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти яке аз ёварони Қурмонбек Боқиев


Мақомоти ҳифзи тартиботи Қирғизистон ахиран Канибек Жороев, раиси пешини дафтари раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиевро, боздошт карданд. Гуфта мешавад, Жороев дар ҳоле дастгир шуд, ки барои кумак дар тафтиши ҳаводиси Бишкек ихтиёрӣ ба додситонӣ омад. Бар асари ҳаводиси рӯзҳои аз 6 то 8 апрел дар шаҳри Бишкек 86 нафар кушта шуданд. Любов Иванова, вакили дифоъи Жороев, ба хабаргузориҳои қирғизӣ гуфтааст, ки раиси пешини дафтари раисиҷумҳур барои як моҳ боздошт шудааст. Ӯ дар сӯиистифода аз мақом айбдор мешавад. Вакили дифоъ гуфт, ки иттиҳом алайҳи Жороевро бепояву бунёд мехонад ва барои раҳоии ӯ аз боздоштгоҳ талош хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG