Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Моликӣ алайҳи ширкати хориҷиён дар ташкили ҳукумат


Сарвазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ аз пешниҳоди ширкати мушовирони хориҷӣ дар ташкили ҳукумати нави кишвар интиқод кард. Ба гуфтаи ӯ, ширкати хориҷиён "қомат рост кардани Ироқ чун кишвареро, ки тавони мустақилона ҳал кардани мушкилоти дохилии худро дорад, зери суол мебарад".
Рӯзи 7 март дар Ироқ интихоботи парлумонӣ баргузор шуд ва ҳизби пирӯз дар ин маъракаи сиёсӣ бояд ҳукумати навро таъсис кунад. Ва аммо ҳизби пирӯз дар интихобот то ҳол эълон нашудааст. Авоили ҳафта Комиссиюни миллии интихоботии Ироқ пирӯзии 52 номзад ба вакилии парлумон дар шаҳри Бағдодро бо далели робитаашон бо ҳизби мамнӯъи “Баас” лағв кард. Баъд аз ин мавқеъҳои ду эътилофи парлумонӣ, ки ба онҳо сарвазири феълӣ Нурӣ ал-Моликӣ ва раиси пешини ҳукумат Иёд Алловӣ сарварӣ мекунанд, тақрибан баробар шуд.
XS
SM
MD
LG