Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як ҳамла ба кӯдакон дар Чин


Дар Чин боз як ҳамла ба кӯдакон сурат гирифт. Дар вилояти Шиндун, воқеъ дар шарқи кишвар, як марди мусаллаҳ бо болға ба мактабиён ҳамла кард ва сипас ба бадани худ бензин рехта ду тифлро ба канор гирифт ва худро оташ зад. Омӯзгорон бо заҳмати зиёд кӯдаконро аз дасти ҷинояткор раҳо карданд. Гуфта мешавад, ки ҳамлагар бар асари ҷароҳатҳои бардошта аз олам даргузаштааст. Сабабҳои рух додани ҳодиса тафтиш мешавад.
Ҳафтаҳои ахир ҳамла ба кӯдакон дар Чин афзоиш ёфтааст. Бар асари ҳамлаҳо 8 тифл ба ҳалокат расида, тақрибан 50 кӯдаку наврас маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG