Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Папандреу: Юнон шадидан ба қарз ниёз дорад


Сарвазири Юнон Георгиос Папандреу имрӯз зимни суханронӣ дар парлумони кишвар гуфт, ки дар музокирот бо Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул оид ба қарзи ҳукумати Юнон "сарнавишти миллат ҳал мешавад". Ӯ бори дигар таъкид кард, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз жарфтар шудани бӯҳрон бояд то 19 май бастаи қарз ба маблағи ҳадди аққал 45 миллиард доллар дар ихтиёри ҳукумати Юнон гузошта шавад.
Ҳамин моҳ вазирони молияи 16 кишвари минтақаи евро ба созиш расиданд, ки дар сурати ниёзмандии Юнон ба ин кишвар ба маблағи 30 милллиард евро кумаки оҷил ироа кунанд. Сандуқи байнулмилали пул ҳам ваъда дод, ки барои ин кишвар 10 миллиард евро ҷудо хоҳад кард. Қарзи Юнон алҳол аз марзи 300 миллиард евро убур кардааст.
Сокинони Юнон ба барномаи бурунрафт аз бӯҳрони ҳукумат шадидан мухолифанд. Рӯзи 5 май дар сартосари кишвар коршиканӣ эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG