Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Малик: Миёни ошӯбгарони Вазиристон тоҷикон ҳастанд


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз Абдураҳмон Малик, вазири умури дохилии Покистонро ба ҳузур пазируфт. Ба иттилоъи расмӣ, дар ин дидору гуфтугӯ масоили марбут ба амнияти минтақа, авзоъ дар Афғонистон, равобити миёни Покистону Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Абдураҳмон Малик баъд аз ин мулоқот ба хабарнигорон гуфт, миёни ошӯбгароне, ки дар шомилу ғарби Покистон алайҳи артиш меҷанганд, тоҷикону узбакҳо низ ҳастанд. Ӯ ҳамчунин ба хабарҳо дар бораи ба асорат уфтодани мусаллаҳони тоҷику узбакро таъйид кард. Дар робита ба пахши иттилоъ дар мавриди кушта шудани раҳбари Ҷунбиши исломии Узбакистон Тоҳир Юлдош, вазири умури дохилии Покистон гуфт, ки ин хабарро тасдиқ ё рад карда наметавонад.
Сафари Абдураҳмон Малик ба Тоҷикистон се рӯз идома меёбад.
XS
SM
MD
LG