Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ хостори раҳоии Ботақозиев шуд


Идораи олии умури паноҳандагони СММ аз ҳукумати Тоҷикистон хостори раҳоии як шаҳрванди боздоштшудаи Қирғизистон Неъматулло Бутақозиев шудааст. Ботақозиев қабл аз таҳаввулоти ахири Қирғизистон бо дархости додситони он кишвар боздошт шуда буд.

Ин ниҳоди СММ гуфтааст, ки Ботақозиев дар дар боздоштгоҳи тафтишотии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба сар мебарад ва то кунун айби ӯ эълон нашудааст.

Қаблан ин нигаронии ба Қирғизистон истирдод шудани Бутақозиев вуҷуд дошт. Зеро ӯ барои ширкат дар ҳодисаҳои соли 2008 дар Нукати Қирғизистон муттаҳам мешуд.

Аммо акнун комиссариати умури паноҳандагони СММ ҳукумати Тоҷикистонро огоҳ кардааст, ки иштирокчиёни ҳодисаҳои Нукати Қирғизистон афв шудаанд. Ва аз сӯи дигар, тағйироти ба амаломада дар низоми сиёсии Қирғизистон иҷоза медиҳад, ки Бутақозиев бидуни таъхир озод шавад.

Аммо дар айни ҳол идораи паноҳандагони СММ бозгашти якбора ва фаврии Ботақозиев ба Қирғизистонро низ ба мулоҳизоти амниятӣ салоҳ намедонад.

Ду моҳи рӯзадорӣ дар боздоштгоҳ

Дар ҳамин ҳол Муҳаммадсолеҳ Муҳаммадтоҳир, бародари Неъматулоҳ Ботақозиев мегӯяд, бо иҷозаи Додситони кулли Тоҷикистон, имрӯз 30 -уми апрел дар боздоштгоҳи мувақатии Кумитаи амнияти Тоҷикистон бо бародари худ сӯҳбат намудааст.

Муҳаммадсолеҳ Муҳаммадтоҳир пас аз мулоқот бо бародараш ба радиои Озодӣ гуфт, саломатии Неъматуллоҳ хуб аст ва аз ҳеҷ чиз шикоят намекунад. Нишонаҳои зуроварӣ ва ё лату кӯб дар бадани ӯ дида намешавад.

Вале як каме лоғар ба назар мерасад, чунки дар ин ду моҳе, ки дар боздоштгоҳ аст, рӯза гирифтааст.Муҳаммадсодеҳ Муҳаммадтоҳир изҳори умедворӣ намуд, ки бародараш дар рӯзҳои наздик ба озодӣ мебарояд.

Идораи паноҳандагони СММ аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кардааст, ки тибқи тааҳҳуди Тоҷикистон бар муқаррароти Конвенсияи соли 1951 бояд Ботақозиев озод ва дар ихтиёри идори умури паноҳандагони СММ қарор бигирад.

Неъматулло Ботақозиеви 43-сола, ки аз соли 2004 дар созмони «Адолати додгоҳӣ - Ҳақиқат»-и мустақар дар шаҳри Ӯши Қирғизистон кор мекард ва бо масоили ақаллияти ӯзбакҳо ва мардуми муттаҳам дар тундгароӣ дар ҷануби Қирғизистон ихтисос дошт.

Мақомоти Қирғизистон соли 2008 дар баробари аъзои Ҳизбуттаҳрир сӣ корманди созмони «Адолати додгоҳӣ - Ҳақиқат»-ро низ дар баргузории тазоҳуроти ғайриқонунӣ дар ҷануби Қирғизистон муттаҳам карданд.

Саргузашти Ботақозиев дар Тоҷикистон

Неъматулло Ботақозиев як сол аз таъқиби мақомот паноҳ бурд ва аввали соли 2010 бо зан, се фарзанд ва бародараш ба Тоҷикистон омад.

Аммо рӯзи 26 феврал дар шаҳри Душанбе баъд аз хуруҷ аз бинои дафтари идораи паноҳандагони СММ дар умури паноҳандагон ӯ бе ному нишон шуд ва танҳо 15 март маълум шуд, ки ӯ дар боздоштгоҳи муваққатие дар Душанбе ба сар мебарад.

Ахиран Додситони кулли Тоҷикистон низ дар мавриди қазияи Ботақозиев изҳори назар карда буд. Шерхон Салимзода гуфт, «агар ҷиноятҳои содиркардаи Бутақозиев характери сиёсӣ надошта бошад ва ҷиноятҳои умумӣ бошад, албатта пас гардонда мешавад. Аммо агар характери сиёсӣ дошта бошад ва ӯ паноҳгоҳи сиёсӣ талаб карданӣ бошад, мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон қарор қабул карда хоҳад шуд».

Ин дар ҳолест, ки ҳамакнун низом дар Қирғизистон тағйир карда ва номаи додситонии кули Қирғизистон низ қабл аз таҳаввулоти ахири он кишвар барои таҳвил гирифтани Ботақозиев ба Тоҷикистон расидааст.

Акнун суоли ин ааст, ки додситонии кулл дар ин ҳолат чи гуна рафтор хоҳад кар?

Шерхон Салимзода дар посухи ин суол гуфт, «ин мавзӯъ бо ҷониби додситонии кули Қиитзистон мувофиқа хоҳад шуд ва дар сурати бозпас гардондан ва ё нагардондани Ботақозиев ба кишвари ҳамсоя хабар хоҳем дод ва онҳо дар навбати худ метавонанд таклифу дархости худро пешниҳод намоянд».

Бутақозиев раҳо мешавад, агар...

Муҳамадсолеҳ Муҳаммадтоҳир, бародари Бутақозив мегуяд, ки дар Додситонии кулли Тоҷикисон ба ӯ гуфтаанд, ки агар Додситонии Қирғизистон тавассути факс фармони афвро ба Тоҷикистон ирсол дорад, бидуни шарту шурут Ботақозиев озод хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG