Пайвандҳои дастрасӣ

Кишварҳои поймолкунандаи ҷиддии озодии дин


Чин дар робита ба фишорҳо ба мусалмонони уйғур ба феҳрасти кишварҳои поймолкунандаи озодии дин ворид карда шудааст

Чин дар робита ба фишорҳо ба мусалмонони уйғур ба феҳрасти кишварҳои поймолкунандаи озодии дин ворид карда шудааст

Комиссияи амрикоии нозири озодии байналмилалии динӣ 13 кишвар, аз ҷумла Арабистони Саудиву Чинро поймолкунандаи ҷиддии озодии дин унвон додааст.

Ҳамчунон ин комиссия маъмурияти президенти пештараи ИМА Ҷорҷ Буш ва раисҷумҳури феълии ин кишвар Барак Обамаро ба хотири талоши ночиз баҳри таъмини озодии саросарии дин танқид кардааст.

Комиссияи амрикоии нозири озодии байналмилалии динӣ соли 1998 бо қарори Конгресси ИМА таъсис ёфтааст. Ин ниҳод шароити тоату ибодат дар манотиқи ба истилоҳ "ҷӯшон"-ро таҳқиқ намуда, ба ҳукумат машаварт медиҳад, ки бо кадом роҳ имкони беҳбуди вазъ вуҷуд дорад.

Дар гузориши имсолаи ин комиссия зикр шудааст, ки фаъолияти ин ниҳод як кӯшиши хурд, вале фавқулода муҳим барои ҳам овардани сиёсати хориҷӣ, амнияти миллӣ ва меъёрҳои байналмилалии озодии дин мебошад, ки мутаассифона сол то сол аз ҷониби Қасри Сафед ва Департаменти давлатӣ сусттар мешавад.

13 кишвари "рӯхати сиёҳ"

Аз миёни 13 кишваре, ки имсол ҳамчун поймолкунанда озодии дин ёд шудаанд, 8 мамлакат соли гузашта ҳам дар рӯйхат ҷой доштанд, яъне имсол Ироқ, Туркманистон, Покистон ва Нигерия ба Мянмар, Чин, Эритрея, Эрон, Кореяи Шимолӣ, Арабистони Саудӣ, Судон, Узбакистон ҳамроҳ шуданд. Одатан кишварҳои шоимли ин рӯйхат аз кумакҳои низомиву молии ИМА маҳрум мебошанд.

Дар гузориши имсола таъкид шудааст, ки сарфи назар аз ислоҳоти маҳдуд таҳти сарварии Шоҳ Абдуллоҳ дар Арабситони Саудӣ озодии дин ба таври "муназзам, барчаста ва давомдор" поймол карда мешавад.

Дар мавриди Чин комиссияи амрикоӣ афзоиши таъқиби буддоиҳои тибет ва мусулмонони уйғури ин кишварро зикр намудааст.

Муаллифони гузориш хотирнишон кардаанд, ки баъди интихоботи президентии соли гузашта вазъи ногувори озодии дин боз ҳам вахимтар шудааст.

Леонард Лео раиси комиссияи амрикоии нозири озодии байналмилалии динӣ мегӯяд, ин ниҳод аснои зиёрат аз "нуқтаҳои доғ" дарёфтааст, ки дар он ҷо "озодии дин бо монеа мувоҷеҳ гашта, ҳуқуқи башар поймол мешавад".

Ба қавли Лео дар гузориш роҳҳои возеҳи ҳалли мушкилӣ матраҳ шудааст ва маъмурияти ИМА бояд талоши бештар варзад.

Бар иловаи 13 кишвари шомили руйхати ба истилоҳ "сиёҳ" 12 кишвари дигар ва мин ҷумла Тоҷикистон, Афғонистон, Беларус, Куба, Миср, Ҳиндустон, Индонезия, Лаос, Руссия Сомалӣ, Туркия ва Венесуэла дар рӯйхати мавриди "таваҷҷуҳи хоси ИМА" ворид шудаанд.

Вазъи озодиҳои дин дар Тоҷикистон

Ҷои ёдоварист, ки соли гузашта дар паи қабули қонуни нави Тоҷикистон дар бораи дин ва иттиҳодияҳои динӣ дар ин кишвар комиссияи амрикоии нозири озодии байналмилалии динӣ иброз дошта буд, ки ин санад "дорои маҳдудиятҳои шадид оид ба дин" аст.

Дар гузориши имсолаи ин ниҳоди амрикоии нозири озодиҳои дин дар мавриди Тоҷикистон омадааст, ки шароити озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон тайи солҳои охир ба таври қобили мулоҳиза бадтар шуд ва қавонин ва сиёсатҳои давлати Тоҷикистон дар роҳи озодиҳои динӣ маҳдудиятҳои бузург эҷод кардаанд.

Гузориш мегӯяд, ин маҳдудиятҳо бештар аз ҳама ба мусалмонон, ки аксарияти кулли аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, таъсир гузоштанд, аммо ба рӯзгори ақаллиятҳои мазҳабӣ низ бидуни пайомад набудаанд.

Гузориш мусодираи бинои калисои масеҳиҳои протестант аз сӯи шаҳрдории Душанбе дар соли 2009, тахирби чандин масҷид дар соли 2007 ва як калисову як синагога дар соли 2008-умро зикр карда, ҳамчунин бори дигар аз ду гурӯҳи протестантӣ ва созмони низ масеҳии Шоҳидони Яҳво ёдовар шудааст, ки аз соли 2007 ба ин сӯ наметавонанд дар Тоҷикистон фаъолият кунанд.
XS
SM
MD
LG