Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳмон Малик ҳузури тоҷикҳо дар Вазиристонро таъйид кард


Абдураҳмон Малик, вазири умури дохилии Покистон мегӯяд, дар вилояти Вазиристони ин кишвар ҷангҷӯёни тоҷику узбак бар зидди нерӯҳои давлатии Покистон меҷанганд. Ӯ ин матлабро баъди мулоқоташ бо мақомоти Тоҷикистон иброз доштааст.

Рӯзи панҷшанбе дар паи мулоқоти худ бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Раҳмон Малик ба хабарнигорон гуфт, ҷои шубҳа нест, ки дар ҷангҳои Вазиристон тоҷикону узбакҳо низ иштирок доранд.

Вазири дохилии Покистон афзуд, баъзе аз ҷангҷӯён, аз ҷумлаи тоҷикону узбакҳо ба асорат гирифта шудаанд.

Дар ҷараёни сафари серӯзааш вазири умури дохилии Покистон гуфт, мубориза бар зидди ифротгароёну ҷангҷӯён идома мекунад.

Вазири умури дохилии Покистон хабари расонаҳо дар мавриди кушта шудани Тоҳир Юлдош, раҳбари ҲИУ-ро тасдиқ ё рад карда наметавонад.Ӯ мегӯяд: "тибқи иттилои дарёфткардаи мо, ӯ кушта шудааст, вале ман ҷасади ӯро надидаам ё он колбадшикофӣ нашудааст".

Малик афзуд, дар мавриди Ҳикматулло Маҳсуд, раҳбари Толибони Покистон низ вазъ ҳамингуна аст. Ӯ гуфт, "мо иттилоъ дорем, ки ӯ мурдааст, аммо ҷасадашро ташхис накардаем".

Тоҷикони Вазиристон кӣ ҳастанд?


Ба иттилои расонаҳои хабарии байналмилӣ, нерӯҳои Осиёи миёнагие, ки дар ҳайати Толибони Покистон қарор доранд, аз гурӯҳҳои Ҳаракати Исломии Узбакистон, бархе унсурҳои кӯчаки боқимонда аз мусаллаҳони мухалолифи собиқи давлати Тоҷикистон, ки ба шароити сулҳи Тоҷикистон розӣ набуданд, иборат мебошанд.

Баъди соли 2000-ум ба ин гурҳӯҳҳо инчунин афроде аз сарбозони мухолифини пешин, ки дар Тоҷикистон ба содир кардани ҷиноёт муттаҳам мешуанд, низ пайвастанд.

Аз ҷумла, аз ҳузури яке аз фармондеҳони пешини мухолифин бо номи Мулло Абдулло дар шимоли Покистон хабарҳо нашр шуда буд. Аммо ин ҳама хабарҳо то кунун тавассути мақомоти Тоҷикистон тайид нашудааст.

Ба гуфтаи шореҳони авзоъи Покистон дар миёни ҷангиёни вазиристон инчунин метавонанд муҳассилини пешини мадрасаҳои Покистон, аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳузур дошта бошанд.

Ахиран ҳамкориҳои амниятӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон афзоиш пайдо карда ва далели он ҳам сафари вазири дифоъ ва раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба он кишвар аст.

Афзоши ин ҳамкроиҳо ва сафарҳои мутаадиди вазирони дохила, дифоъ ва амнияти ду кишвар ба назари коршиносон бозгӯи он аст, ки Тоҷикистон ва Покистон аз ноҳияи чолишҳои муштараке нигаронанд.

Ҳамкориҳои дигар

Вазири умури дохилаи Покистон ҳамчунин гуфтааст, ки кишвараш бо Тоҷикистон кишвари дӯст ва бародар аст. Ӯ таъкид кардааст, ки Тоҷикистон барои содироту воридоти молу колои худ метавонад аз бандари Гвадари Покистон истифода кунад.

Дар ин мулоқот ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва роҳу коммуникатсия низ баррасӣ шудааст. Раҳмон Малик ба иҷро даромадани тарҳи "КАСА-1000"-ро, ки эҳдоси хати интиқоли барқ ба Покистонро дар бар мегирад, барои рушди иқтисоди ҳарду кишвар муҳим арзёбӣ кардааст.

Дар мулоқотҳои вазири умури дохилии Покистон бо мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин ба зарурати фаъолтар кардани ҳамкориҳои сеҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон низ таваҷҷӯҳ шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG