Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини раиси Кумитаи изтирорӣ барканор шуд


Дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон, ки имрӯз дар Душанбе давом дорад, якчанд тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Хабаргузории давлатии "Ховар" иттилоъ медиҳад, ки Маҳмадулло Ҳалимов курсии муовини раиси Кумитаи изтирориро аз даст додааст. Ҳамчунин бо анҷоми тарҳҳои "Маркази идораи ислоҳот дар соҳаи маориф" ва "Маркази рушди тарҳҳои тиббӣ" раҳбарони ин тарҳҳо низ аз мақомҳояшон барканор шудаанд. Интизор меравад, дар дигар ниҳоду сохторҳои ҳукумат тағйироти кадрӣ сурат бигирад.
Дар ҷаласаи навбатии як қатор мавзӯъҳо, аз ҷумла консепсияи таҷдиди сохтори беморхонаҳо, барномаи беҳбудии фазои соҳибкорӣ дар кишвар, низоми нави 12-солаи таҳсил дар макотиби миёна, барномаҳои тарбияи ватандўстии ҷавонон, вазъи экологии кишвар, баҳсу баррасӣ шуд.

XS
SM
MD
LG