Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Тоҷикистон


30-юми апрел дар шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии дзюдо шурӯъ шуд.

Нуруллоҳ Лоиқов, раиси Федеросиюни дзюдои Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа, ки дар Қасри тенниси пойтахти кишвар то рӯзи 2-юми май идома хоҳад кард, беш аз 140 варзишгар дар ҳайати 18 даста аз ҳамаи манотиқи кишвар ширкат доранд.

Ҷаноби Лоиқов афзуд, Федеросиюни дзюдои ҷумҳурӣ ин мусобиқаро якҷоя бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар ва дар ҳамкорӣ бо Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон таҳти шиори «Варзиш-алайҳи нашъамандӣ» баргузор кардааст.
Ғолибони мусобиқаи соли гузашта - паҳлавонони шаҳри Душанбе Ҷамшед Халилов ( дар вазни то 60 кг), Фаррух Собиров (то 66 кг), Сӯҳроб Раҳимов (то 73 кг), Шералӣ Бозоров (то 81 кг), Муҳаммад Абдураҳмонов (то 100 кг), Шавкат Иқболов (+ 100 кг) ва узви дастаи вилояти Хатлон Фурқат Назриев (вазни мутлақ) барои унвони қаҳрамони дзюдои Тоҷикистон дар соли 2010 муддаиёни аслӣ маҳсуб мешаванд.
XS
SM
MD
LG