Пайвандҳои дастрасӣ

Чаҳор нафар муштзани тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни навҷавонони 17-18-сола, ки дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку ҷараён дорад, дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз идомаи мубориза маҳрум шуданд.

Ораз Авзалшоев дар рақобатҳо дар вазни то 54 кг пас аз пирӯзӣ бар Мӯсо Раҳмон Лавсон (аз Гана) аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 6:2, дар даври баъдӣ 29-уми апрел аз рақибаш Зак Давиес (Уэлс) бо ҳисоби 6:8 мағлуб гашт.

Муштзани дигари ҷавони тоҷик Сиёвуш Зуҳуров дар вазни то 91 кг 29-уми апрел дар даври аввал қувваозмоиро ба Фабио Турчии итолиёвӣ бо ҳисоби 0:7 бой дод.

Ёдовар мешавем, ду намояндаи дигари Тоҷикистон Нодир Муҳаммадиев ва Меҳроҷиддин Каримов низ дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрда буданд. Нодир Муҳаммадиев дар рақобатҳо дар вазни то 81 кг аз рақибаш Бежан Хуҷастии эронӣ аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 4:7 мағлуб шуд. «Гулливер»-и тоҷик Меҳроҷиддин Каримов бошад, қувваозмоиро дар вазни аз 90 кг боло ба муштзани қазоқ Давлат Мӯсобоев бо ҳисоби 1:7 бохт.
XS
SM
MD
LG