Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Ҳилларӣ Клинтон аз ҷаҳони араб


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон аз давлатҳои араб даъват кард ба фаластиниҳо кӯмаки бештар пешниҳод кард, бо Исроил забон биёбанд ва ба хотири ташвиқи раванди сулҳи Ховари Миёна таъмини силоҳи ҷангиёнро бас кунанд. Хонум Клинтон, еки дар Кумитаи яҳудиёни Амрико суханронӣ мекард, мукарраран Сурияро айбдор кард, ки ба Ҳизбуллоҳи Лубнон силоҳ фиристодааст ва раиси он ҷумҳурӣ Башор Асад "даст ба иқдомоте мезанад, ки барои минтақа метавонанд ҳам маънои сулҳ ва ҳам маънои ҷангро дошта бошанд."
Клинтон ҳамчунингуфт, Амрико талош дорад ба Эрон имкон бидиҳад, худ интихоб кунад: ё бо лаҷом задани барномаҳои ҳастаияш аз эъмори равобити оддӣ бо соъири ҷаҳон сӯд бардорад ваё "инзивоъи боз ҳам бештар ва пайомадҳои дардовар." Ӯ афзуд, Эрон соҳиби силоҳи ҳастаӣ суботи минтақаро ба таври ҷиддӣ ба ҳам мезанад.
Ин севвумин суханронии Ҳилларӣ Клинтон пиромуни низоъи Исроилу фаластиниҳо дар ду моҳи охир буд ва дар ҳоле доир шуд, ки равобити Амрико бо муттаҳиди наздикаш дар Ховари Миёна - Исроил танишолуд шудааст.
Талошҳои раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ба манзури азсаргирии раванди сулҳи Ховари Миёна ба маҳзи ихтилофи бархостаи назар бо Исроил бар сари барномаи шаҳраксозиҳои он кишвар дучори мушкил шудааст.
XS
SM
MD
LG