Пайвандҳои дастрасӣ

Оби нафтолуд имрӯз ба Луизиана хоҳад расид


Интизор меравад, обҳои аз тахриби як чоҳи нафт олудашудаи халиҷи Мексика имрӯз ба соҳил бирасанд. Дар аёлати Луизиана, ки хатари асобаташ бештар аст, вазъи изтирорӣ эълон кардаанд. Волии Луизиана аз мақомоти федеролӣ ба манзури рафъи ин офат эъзоми то 6 000 сарбози Горди миллӣ ва кӯмакҳои молӣ дархост кардааст.
Ба ҳисоби мақомот, дар пайи инфиҷори як чоҳи нафт ҳар рӯз то 5000 бушка нафт ба халиҷи Мексика мерезад ва масоҳати олудашудаи обҳои ин халиҷ ба масоҳати кишваре, чун Ямайка баробар шудааст. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама тааҳҳуд супурдааст, ки ба манзури рафъи ин офат аз тамоми захоири мумкин, бо шумули захоири низомӣ кор хоҳанд бурд.
XS
SM
MD
LG