Пайвандҳои дастрасӣ

Эълони вазъи изтирорӣ дар Луизианаи Амрико


Амрико нафти рехта дар халиҷи Мексикаро офате “дар сатҳи миллӣ” эълон кардааст. Ин дар ҳолест ки бодҳои бархоста хатари ба соҳилҳои Луизиана ҷорӣ шудани ин нафти рехтаро пеш овардааст. Ба ҳисоби мақомот, дар пайи инфиҷори як чоҳи нафт ҳар рӯз то 5000 бушка нафт ба халиҷи Мексика мерезад. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама тааҳҳуд супурдааст, ки ба манзури рафъи ин офат аз тамоми захоири мумкин, бо шумули захоири низомӣ кор хоҳанд бурд. Дар аёлати Луизиана вазъи изтирорӣ эълон шудааст. Интизор меравад, обҳои нафтолуд алакай рӯзи ҷумъа ба соҳил бирасанд.
XS
SM
MD
LG