Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ле Эйру дар мавриди Роғун аз кӣ пуштибонӣ кард?


Филлип Ле Эйру, муовини раиси Бонки ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ дирӯз дар пайи мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, корҳои сохтмонӣ дар нирӯгоҳи Роғун баъд аз анҷоми ташхиси фанниву иқтисодӣ ва экологии ин нирӯгоҳ шурӯъ хоҳанд шуд. Ба гуфтаи ӯ, феълан дар маҳалли ин сохтмон танҳо корҳои барқарорсозӣ идома доранд. Анҷоми ташхиси байналмилалии тарҳи нирӯгоҳи Роғун як талаби аслии Узбакистон буд, ки шадидан мухолифи сохтани нирӯгоҳи Роғун аст. Бонки ҷаҳонӣ ба манзури омӯзиши ҷараёни кор дар нирӯгоҳи Роғун рӯзи 20 апрел як ҳайъати коршиносонашро ба Тоҷикистон фиристод.
Бонки ҷаҳонӣ аз соли 1992 ба ин сӯ ба Тоҷикистон ба маблағи қариб 500 миллион доллар кӯмак кардааст. Ин ниҳод дар моҳи май бояд стротежии нави сесолаи ҳамкориаш бо Тоҷикистонро баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG