Пайвандҳои дастрасӣ

Пӯшидани бурқаъ ва ниқоб дар Белгия манъ мешавад


Маҷлиси поёнии парлумони Белгия бо иттифоқи оро қонунеро тасвиб кард, ки пӯшидани ниқобу бурқаъ, ду навъи либоси исломиро дар маконҳои ҷамъиятӣ манъ хоҳад кард. Белгия нахустин кишвари Аврупост, ки пӯшидани либоси исломиро аз тариқи қонун манъ мекунад.
Тибқи ин қонун, ки баъди тасвибаш аз сӯи маҷлиси болоии парлумон ба ҳукми иҷро хоҳад даромад, пӯшидани либосе, ки рӯи касро бипӯшонад, дар кӯчаҳову боғҳои ҷамъиятӣ, дар варзишгоҳҳо ва дигар сохтмонҳои ҷамъиятӣ манъ хоҳад шуд.
Барои нақзи ин қонун то 25 евро ҷарима ваё то 7 рӯзи зиндон муҷозот таъйин шудааст.
XS
SM
MD
LG