Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси терроризм дар мулоқоти Раҳмон бо Раҳмон


Вазири умури дохилаи Покистон Раҳмон Малик дирӯз дар идомаи боздиди дурӯзааш аз Тоҷикистон бо раиси ин ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Раҳмон Малик омодагии Исломобод барои ҳамкорӣ бо Душанбе дар соҳоти мубориза бо терроризму тундгароӣ ва соъир чолишҳои байналмилалиро изҳор дошт ва гуфт, мавзӯъи аслии гуфтугӯяш бо президенти Тоҷикистон ҳамин масоили ҳамкорӣ будааст. Ӯ ба ҷониби Тоҷикистон дар бораи он атбоъи ин кишвар ва Узбакистон, ки дар манотиқи қабиланишини Покистон аз ҷониби ҷангиёни исломӣ меҷанганд, маълумот додааст.
XS
SM
MD
LG