Пайвандҳои дастрасӣ

Дидори рӯбарӯи Сингҳ бо Гелонӣ дар Бутан


Дирӯз сарвазирони Ҳинду Покистон Мунмаҳон Сингҳ ва Юсуфризо Гелонӣ дар Бутан, дар ҳошияи як нишасти минтақавӣ бо ҳам мулоқот карданд. Ин нахустин дидори рӯбарӯи раҳбарони ин ду қудрати ҳастаии рақиб дар Осиёи ҷанубӣ тайи чанд моҳи охир аст. Покистон ин гуфтугӯро, ки беш аз як соат тӯл кашид, “хеле созанда” унвон мекунад.
Ҳинд музокироти қариб чорсолааш бо Покистонро дар пайи ҳамлаҳои хунини моҳи ноябри соли 2008 дар Мумбай қатъ кард.
Деҳлии нав як гурӯҳи ҷангии дар Покистон қарордоштаро дар таҳия ва иҷрои ин ҳамлаҳо айбдор мекунад.
Ҳинду Покистон, ки дар пайи касби истиқлолият аз Бритониё дар соли 1947 аз ҳам ҷудо шуданд, дар чанд масъала, аз ҷумла минтақаи баҳсии Кашмир ихтилофи назар доранд.
XS
SM
MD
LG