Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт зимни як баёния гуфтааст, ки теъдоди қурбониёни бемории фалаҷи атфол дар Тоҷикистон ба 12 нафар расидааст.

Бино ба гузоришҳо, теъдоди гирифторон ба бемории фалаҷи атфол дар Тоҷикистон афзоиш ёфта ва то ба 32 нафар нафар расидааст. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт бо нашри як баёния дар мавриди хуруҷи бемории фалаҷи атфол дар Тоҷикистон гуфт, мақомоти расмӣ дар мавриди 171 мавриди сирояти беморӣ гузориш додаанд ва ташхиси озшоишгоҳӣ вуҷуди вируси полиомелити ваҳшии навъи 1 дар 32 нафарро таъйид кардааст. Натиҷаҳои озмоиши 139 мавриди дигар ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст.

Ба гуфтаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, аз 68 воҳиди маъмурӣ дар Тоҷикистон хуруҷи беморӣ дар 24 он мушоҳида шудааст. Фалаҷи атфол бино ба ҳамин гузориш то кунун 12 нафарро куштааст, аз ҷумла 10 нафар кӯдакони то 15-сола ва 2 бузургсолро.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, ташхиси генетикии вируси пайдошуда дар Тоҷикистон нишон дод, ки он аз хонаводаи вируси фалаҷи атфол дар дар иёлати Утар Прадеши Ҳиндустон аст. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, гурӯҳи коршиносони созмон ба мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон барои назорати хуруҷи беморӣ ва ошкор кардани саривақтии гирифторон ва муроқибати муносиб аз онҳо кӯмак мекунад.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ҳамроҳ бо Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал, Маркази назорат ва ҷилавгирӣ аз бемориҳо дар Амрико ва муассисаи имдодии Ротарӣ Интернешл ба Тоҷикистон дар амри ҷилавгирӣ аз густариши бемории фалаҷи атфол кӯмак мекунанд. То кунун Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал ЮНИСЕФ ба Тоҷикистон 4 миллион ваксин ворид кардааст ва маъракаи фарогири моякӯбии кӯдакон аз рӯзи 4 май шурӯъ хоҳад шуд.

Аъзам Мирзоев муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, беморӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои атрофи Душанбе мушоҳида шудааст ва вазорат аз ҳисоби захираҳои дохилӣ моякӯбии 28 ҳазор кӯдак дар манобеъи хуруҷи бемориро анҷом додааст. Дар Тоҷикистон соли 1997 охирин мавриди гирифторӣ ба вируси фалаҷи атфол мушоҳида шуда ва кишварро соли 2002, кишвари орӣ аз полиомелит эълом карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG