Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирози занон аз талоши узвияти Эрон дар ниҳоди СММ


Гурӯҳе аз фаъолони ҳуқуқи зан дар Эрон ва саросари ҷаҳон дар номаи бозе ба Созмони Милал мухолифати хешро ба пешниҳоди ҳукумати Эрон баён доштанд, ки мехоҳад ба Кумиссюни мақоми зани Созмони Милал шомил шавад. Онҳо мегӯянд, кишваре, ки дар он ҳуқуқи занон шадидан поймол мешавад ва дар масъалаҳои талоқ, нигаҳдошти фарзанд бо худ, омӯзишу парвариш ва имконияти интихоби шавҳар занон бо беҳуқуқӣ мувоҷеҳанд, ҳаққи узвият дар чунин кумиссюнро надорад. Эрон номзадии худро ба ин кумиссюн дар ҳоле пешниҳод кард, ки аз мубориза барои курсӣ дар Кумиссюни ҳуқуқи башари Созмони Милал даст кашид.
XS
SM
MD
LG