Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба кӯмаки оҷил ба Юнон


Раиси Бонки марказии Аврупо, Жан-Клод Трише имрӯз аз кишварҳои минтақаи евро даъват кард, дар кӯмак ба Юнон ба хотири пешгирӣ аз хатари густариши бӯҳрон шитоб кунанд. Ин даъват дар ҳоле садо медиҳад, ки шароити имдоди молӣ ба Юнон аз тарафи Иттиҳоди Аврупо дар ҳоли омода шудан аст. Аммо Олмон, ки қарор аст, бахши аъзами ин кӯмакро таъмин намояд, гуфтааст, танҳо дар ҳоле даст ба амал хоҳад зад, агар Юнон исбот кунад, ки тарҳи боэътимоди ҳалли мушкилоти вом ва камбуди буҷаашро пешниҳод намояд.
XS
SM
MD
LG