Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози муҳокимаи журналисти саршинос дар Тошканд


Дар Тошканд муҳокимаи журналисти саршиноси риштаи варзиш Хайрулло Ҳамидов ва 14 нафари дигар шурӯъ шуд, ки дар шарикдастӣ бо гурӯҳҳои мамнӯъи исломӣ айбдор мешаванд. Ба онҳо айбномаи "ташкили гурӯҳи мамнӯъи иҷтимоӣ ё динӣ ва фаъолият дар он" ва ҳамчунин интишори адабиёти хилофи назм ва амният эълон шудааст. Ҳамидови 34-сола дар Узбакистон ҳамчун муҷрии радиои маъруфи исломӣ, шореҳи футбол ва шоир шӯҳрат дорад. Боздошти ӯ дар моҳи январи имсол сабаби эътирозҳои густарда дар Узбакистон шуда буд.
XS
SM
MD
LG