Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Freedom House аз вазъи озодии баён дар ҷаҳон


Созмони Фридом Ҳаус ё Хонаи Озодӣ мегӯяд, вазъи озодии баён дар соли 2009 бадтар шуда, ин раванд ҳашт сол аст ҳамвора идома мекунад. Дар гузориши нави солонаи ин созмон гуфта мешавад, аз шаш сокини ҷаҳон танҳо 1 нафар аз озодии матбуот баҳравар аст. Туркманистон, Узбакистон, Беларус ва Эрон сарсахттарин душманони озодии баён унвон шудаанд. Тоҷикистон дар феҳрасти Хонаи Озодӣ, дар мақоми 178-ум қарор дорад ва 15 зина болотар аз даҳгонаи кишварҳое қарор гирифтааст, ки бадтарин вазъи матбуотро доштаанд. Кишварҳои скандинавӣ, аз ҷумла Финландияву Исландия ва Норвегия дар садри ҷадвал қарор доранд ва ба гуфтаи Хонаи Озодӣ, озодтарин матбуот дар ҷаҳонро доштаанд.
XS
SM
MD
LG