Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти яке аз сарони Бонки ҷаҳонӣ дар масъалаи Роғун


Намояндаи аршади Бонки ҷаҳонӣ эълон кард, ки ин ниҳод аз корҳои барқарорсозӣ дар нерӯгоҳи Роғун ҳимоят мекунад, аммо сохтмони нерӯгоҳ бояд пас аз арзёбии коршиносон сурат бигирад. Филлип Ле Уйру, муовини раиси Бонки ҷаҳонӣ, пас аз дидор бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар шаҳри Душанбе ба хабарнигорон гуфт, коршиносони Бонки ҷаҳонӣ бо даъвати давлати Тоҷикистон ҳоло ба ташхиси заминаҳои молӣ ва бехатарии садди нерӯгоҳи Роғун, ҷанбаҳои экологӣ ва таъсироти иҷтимоии он машғуланд. Муовини раиси Бонки ҷаҳонӣ таъкид кард, ки дар ҷараёни арзёбиҳои фаннӣ, иқтисодӣ ва зистмуҳитии Роғун тамоми муқаррароти байнулмилалӣ риоя хоҳад шуд ва идомаи сохтмони нерӯгоҳ, аз он ҷумла бардоштани садди нерӯгоҳ ва насби чархаҳои тавлиди барқ, пас аз поёни арзёбии байнулмилалӣ сурат хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG