Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар асоси гузориши тозатарини созмони Хонаи Озодӣ ё Freedom house роҷеъ ба вазъияти озодии матбуот дар ҷаҳон, Тоҷикистон бо рутбаи 78 ҳамчун ду соли пеш, дар радифи кишварҳои “ноозод” қарор гирифтааст.

Ин гузориши Хонаи Озодӣ рӯзи панҷшанбе нашр шуд ва дар он омадааст, ки аз ҳар шаш нафар ҷамъияти ҷаҳон танҳо як нафари онҳо дар кишваре бо матбуоти озодӣ зиндагӣ мекунанд.

Хонаи Озодӣ, созмони нозири матбуоти озод, мегӯяд, соли 2009 низ озодии матбуот дар кишварҳои шӯравии собиқ башиддат маҳдуд буд.

Тоҷикистон дар феҳрасти Хонаи Озодӣ, дар мақоми 178-ум қарор дорад ва 15 зина болотар аз даҳгонаи кишварҳое қарор гирифтааст, ки бадтарин вазъи матбуотро доштаанд.

Созмони мазкур мегӯяд, озодии баён соли гузаштаи 2009 ва мисли ҳафт соли қабл дар сартосари ҷаҳон маҳдуд шудааст.

Фридом Ҳаус, қароргоҳаш дар Амрико, мегӯяд, вазъи бадтарини матбуот дар Туркманистону Ӯзбакистон ва Ҷумҳурии Белорус ба назар мерасад, ки дар ин кишварҳо, “ё матбуоти мустақил вуҷуд надорад, ва ё қодир ба кор нестанд.”

Эрон дар ин гузориш бадтарин мақом дар 30 соли ахирро касб карда ва дар миёни даҳгонаи кишварҳое қарор гирифтааст, ки бадтарин вазъи матбуотро доранд.

Дар Русия ҳам вазъи озодии баён дар соли гузашта каме бадтар шуда ва барои соли ҳафтум аст, ки унвони кишвари “ғайриозод” – ро соҳиб мешавад.

Кишварҳои скандинавӣ, аз ҷумла Финландияву Исландия ва Норвегия дар садри ҷадвал қарор доранд ва ба гуфтаи Хонаи Озодӣ, озодтарин матбуот дар ҷаҳонро доштаанд.

Қазияҳои "Пайкон" ва "Миллат"

Аммо қабл аз ин, вазорати кишоварзии Тоҷикистон барои чопи як мақола роҷеъ ба вуҷуди фасод дар ин вазорат ҳафтаномаи «Миллат»-ро ба додгоҳ кашид ва ҳудуди 1 миллион сомонӣ ё муодили беш аз 200 ҳазор доллари амрикоӣ ҷуброн талаб намуд.

Нашрияи “Миллат” низ дар посух вазоратро ба додгоҳ кашида, хостори як сомонӣ, ҷаримаи рамзӣ шудааст.

Дар мурофиаҳои муқаддамотӣ додрас аз ҷонибҳо даъват ба созиш кард, вале ҳафтаномаи “Миллат” ба созиш розӣ нашуд.

Қабл аз ин ду қазия, додгоҳе дар шаҳри Душанбе нашрияи дигари мустақил бо номи "Пайкон"-ро ҳудуди 300 ҳазор сомонӣ ҷарима баста буд.

Ин қарори додгоҳ ба асоси даъвои идораи "Тоҷикстандарт" қабул шуда, ки зимни он ин идора нашрияи "Пайкон"-ро дар нашри як матлаби ба гуфтаи масъулини "Тоҷистандарт" тӯҳматомез, айбдор мекард.

Қазияи се нашрия ва се додрас

Дар аввали соли равон ҳамзамон қазияи додгоҳҳии панҷ нашрияи мустақили Тоҷикистон пеш омад.

Баҳси додгоҳӣ миёни нашрияҳои «Азия плюс», «Фараж» ва «Озодагон» ва додрасҳои Додгоҳи олии Тоҷикистон баъди чопи ҳамзамони номаи бози адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев алайҳи ин додрасҳо ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон, додситонии кулл ва Омбудсмени ин кишвар дар ҳафтаномаҳои мазкур шурӯъ шуда буд.

Дар ин нома, Солеҳҷон Ҷӯраев додрасҳои додгоҳи олии Тоҷикистон Нур Нуров ва Улуғбек Мамадшоевро дар муҳокимаи ғайримунсифона ва ноодилона ва ҳамчунин содир кардани ҳукми ғайриқонунӣ дар мавриди бархе аз парвандаҳои ҷиноятӣ ва афроди мазнун айбдор карда, аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки пеши роҳи, ба гуфтаи ӯ, қонуншиканиҳо дар Додгоҳи олӣ гирифта шавад.

Додрасҳои Додгоҳи олӣ ва як додраси додгоҳи шаҳри Душанбе, ки мавриди интиқоди қарор гирифта буданд, ин нашрияҳоро бо иттиҳоми тӯҳмат ва паст задани обрӯву эътибори инсон ба додгоҳ кашида, барои ҷуброни маънавӣ аз ин нашрияҳо 5,5 миллион сомонӣ товон талаб кардаанд.

Вале сардабирони нашрияҳо мегӯянд, чопи ин матолиб бо риояи қавонини кишвар сурат гирифтааст.

Дар пайи ин қазияҳо созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи журналистон, САҲА, сафорати ИМА дар Душанбе аз вазъи пешомада изҳори нигаронӣ карданд.

Интизор меравад, мурофиаҳои додгоҳии нашрияҳо дар аввали моҳи май аз сар гирифта шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG