Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори сарвазирони Ҳинд ва Покистон дар Бутан


Сарвазирони Ҳинду Покистон Манмоҳан Сингҳ ва Юсуф Ризо Гелонӣ дар ҳошияи як ҳамоиши минтақаӣ дар Бутан қадамҳои баъдӣ дар муносибатҳои байни ду кишвари ба ҳам рақибро баррасӣ карданд. Ин мулоқот дар чаҳорчӯби тарҳи гуфтушунидҳои дуҷониба, ки пас аз ҳамлаи террористии соли 2008 дар Мумбай шурӯъ шуд, баргузор гашт. Ҳиндустон ва Покистон аз замони датёфт ба истиқлолияташон аз Бритониё дар соли 1947 дар чанд масъала, аз ҷумла мансубияти Кашмир бо ҳам муноқиша доранд.
XS
SM
MD
LG