Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки ҷаҳонӣ аз корҳои барқарорсозии Роғун ҳимоят мекунад


Филлип Ле Уйру, муовини раиси Бонки ҷаҳонӣ
Филлип Ле Уйру, муовини раиси Бонки ҷаҳонӣ

Филлип Ле Уйру, муовини раиси Бонки ҷаҳонӣ, эълон кард, ки ин ниҳод аз корҳои барқарорсозӣ дар нерӯгоҳи Роғун ҳимоят мекунад, аммо сохтмони нерӯгоҳ бояд пас аз арзёбии коршиносон сурат бигирад.

Вай пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни як изҳорот дар баробари хабарнигорон дар шаҳри Душанбе гуфт, коршиносони Бонки ҷаҳонӣ бо даъвати давлати Тоҷикистон ҳоло ба ташхиси заминаҳои молӣ ва бехатарии садди нерӯгоҳи Роғун, ҷанбаҳои экологӣ ва таъсироти иҷтимоии он машғуланд.

Муовини раиси Бонки ҷаҳонӣ таъкид кард, ки дар ҷараёни арзёбиҳои фаннӣ, иқтисодӣ ва зистмуҳитии Роғун тамоми муқаррароти байнулмилалӣ риоя хоҳад шуд ва идомаи сохтмони нерӯгоҳ, аз он ҷумла бардоштани садди нерӯгоҳ ва насби чархаҳои тавлиди барқ, пас аз поёни арзёбии байнулмилалӣ сурат хоҳад гирифт.

Ҷаноби Филлип Ле Уйру гуфт, мо дирӯз ҳамроҳ бо сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов аз маҳалли нерӯгоҳи Роғун дидан кардем ва мутмаин шудем, ки дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳ танҳо корҳои барқарорсозӣ идома дорад.

Узбакистон: Корҳои сохтмонии Роғун қатъ шавад!

Ин дар ҳолест, ки ҷониби Узбакистон – мухолифи аслии сохтмони Роғун аз Тоҷикистон тақозои қатъи тамоми корҳои сохтмонӣ то анҷоми арзёбии байнулмилалӣ дар маҳалли нерӯгоҳро кардааст.

Ин талабро мақомоти Тошканд ҳангоми музокирот бо ҳайати баландпоя аз Душанбе сари мавзӯи боздошти вагонҳои бору колои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон пеш овард. Аксари коршиносон боздошт шудани қаторҳо дар Узбакистонро ба эҳёи сохтмони нерӯгоҳи Роғун рабт медиҳанд.

Узбакистон аз он нигарон аст, ки Тоҷикистон корҳои барқароркунӣ дар маҳалли сохтмони Роғунро баҳона карда, ба насби ду чархаи тавлиди барқ машғул аст, ки ҳануз дар замони Шӯравӣ ба ин нерӯгоҳ оварда шуда буд. Мақомоти Тошканд бар ин боваранд, ки бунёд шудани нерӯгоҳи азими Роғун ба тақсимоти об дар минтақа халал ворид хоҳад ва Душанбе ин нерӯгоҳро ҳамчун фишанг бар сари кишварҳои поёноб истифода хоҳад кард.

Музокироти бенатиҷа дар Тошканд

Ҳайати баладпояи Тоҷикистонро дар сафар ба Тошканд дар ду рӯзи пеш Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистон, раҳбарӣ мекард. Ҷаноби Алимардон, ки муовини раиси Бонки ҷаҳониро дар мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекард, аз шарҳи натиҷаи сафараш ба Тошканд дар назди хабарнигорон худдорӣ кард.

Аммо ин суол пеши рӯст, ки чаро мақомоти Тоҷикистон дар мавриди музокирот бо ҷониби Узбакистон хомӯширо ихтиёр кардаанд? Дар ҳоле, ки бисёре аз соҳибназарон интизор доштанд, ки мулоқоти рӯ ба рӯи мақомоти ду кишвари ҳамсоя таниш дар муносиботи ду кишварро аз байн хоҳад бурд ва мушкилоти мавҷуд, ба хусус қазияи боздошти вагонҳои бору колои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон ҳалли хешро пайдо хоҳад кард.

Шокирҷони Ҳаким, коршиноси тоҷик бидуни натиҷа анҷомидани музокироти Тошкандро аз далели аслии хомӯшии мақомоти Тоҷикистон медонад ва мегӯяд, «аз рӯи одоби дипломатӣ ва ҳусни тафоҳум агар як ҳуҷҷат мебуд, хоҳ ба манфиати мо мебуд, хоҳ не ба ҳар сурат он дастраси ҷомеа мешуд. Вале чун умуман натиҷа надод ин сафар, аз пахш кардани ягон баёнияи расмӣ ҷониби Тоҷикистон худдорӣ карда истодааст».

Аммо иддае дигар аз таҳилгарон бо таваҷҷӯҳ ба ҳассосияти хос дар муносиботи Тоҷикистон ва Узбакистон дар марҳалаи феълӣ мегӯянд, мақомоти Душанбе намехоҳанд бо изҳори назар равобити бе ин ҳам мушкилро сардтар созанд. Онҳо бар ин боваранд, ки танҳо гузаштҳое аз сӯи раисони ҷумҳури ду кишвари ҳамсоя метавонад омили рӯ ба беҳбудӣ гароидани муносиботи Тоҷикистону Узбакистон ва бартараф шудани ихтилофоти назар сари масоили энержӣ гардад.
XS
SM
MD
LG