Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Стивен Ҳоукинг, донишманди маъруфи бритониёӣ мегӯяд, шояд дар коинот, мавҷудот ва махлуқоти осмонӣ вуҷуд дошта бошад, вале барои инсонҳо беҳтар аст, бо онҳо иртибот нагиранд, зеро паёмадҳои ин кор фалокатбор хоҳад буд.

Стивен Ҳоукинг дар як филми мустанади нав дар мавриди мавҷудоти осмонӣ гуфт, “Агар махлуқоти осмонӣ ба курраи Замин биёяд, мисли фуруд омадани Христофор Колумб ба Амрико хоҳад шуд, ки барои амрикоиҳои бумӣ ба хубӣ анҷом наёфт”.

Дар филми мазкур, махлуқоти хаёлии осмониро нишон медиҳанд, ки дар як киштии бузурги кайҳонӣ барои дарёфти манобеъи табиъии лозим барои зиндагӣ ба курраҳои дигар ба шикор баромадаанд, зеро манобеъи табиъии саёраҳои худашонро тамом кардаанд.

Стивен Ҳоукинг мегӯяд, “чунин махлуқоти пешрафтаи осмонӣ, бидуни шак кӯчманчӣ хоҳад шуд ва дар пайи тасарруф ва фатҳи ҳар саёрае хоҳад буд, ки ба он расида метавонад".

Ҳушдори Стивен Ҳоукинг, дар бораи чунин рӯзи маҳшар дар филми мустанади “Дар кайҳон ҳамроҳ бо Стивен Ҳоукинг” садо дод, ки намоиши ин филм дар шабакаи телевизони маъруфи ”Дисковерӣ“ дар Амрико шурӯъ шуд.

Донишманди бритониёӣ ба ин назар аст, ки дар коинот, ки бештар аз 100 миллиард бурҷ дорад, бидуни шак курраи Замин бо мавҷудоташ, танҳо нест ва курраҳое дигари муносиб барои зиндагии махлуқоти осмонӣ вуҷуд дорад.

Махлуқоти харчангшакли нурафкан, гиёҳҳои хордори муаллақ ва даррандаҳои зарди дурахшон, ки тӯъмаашонро бо неши думи худ мекушанд, аз махлуқоти осмонист, ки маҳсули тахаюлли донишмандон аст ва онҳоро дар телевизиону интернет фаровон мебинем.

Аммо кори аз ҳама сахт ба гуфтаи Стивен Ҳоукинг, донистани он аст, ки он махлуқоти осмонӣ чӣ шаклӣ ҳастанд. Ба андешаи ӯ, шояд аксарияти махулоқоти осмонӣ мисли микроб бошад.

Брайен Кокс, устоди донишгоҳи Манчестери Бритониё, чанде пеш ба Би Би Си аз эҳтимоли вуҷуди ҳаёт манзумаи офтобӣ сухан гуфт.

Ба ақидаи ӯ, зери уқёнусҳои яхбастаи курраи Аврупо, ҳамсафари саёраи Муштарӣ, шояд мавҷудоте ҳаст ва ҳамингуна мавҷудоти соддае дар курраи Миррих ҳам. Инсоният то кунун борҳо кӯшидааст, то бо махлуқоти эҳтимолии осмонӣ иртибот барқарор кунад. НАСА, Оҷонси кайҳоншиносии Амрико, соли 2008, таронаи “Дар сартосари коинот”-и гурӯҳи Битлзро ҳамчун паёми сулҳ аз тариқи амвоҷ ба умқи коинот, ба Бурҷи Қутбӣ фиристод.

Аз ин пеш дар соли 1977 ду абзори фазонавардаи кайҳонии Амрико ҳам диски дорои иттилоъ дар мавриди Замин бо аксу садоро ба кайҳон партоб карданд.

Аммо онгуна ки Стивен Ҳоукинг мегӯяд, онҳоро ором бигзоред, то моро бо хонаи ягонаамон, яъне курраи Замин ором гузоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG