Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавонони қирғиз: 40 дарсади курсиҳоро ба мо бидиҳед


Иштирокчиёни Форуми ҷавонони Қирғизистон аз ҳукумати муваққат тақозо намуданд, ки 40 дарсади курсиҳои ҳукумати нав бояд ба ҷавонон супурда шавад.

Онҳо ҳамчунин мегӯянд, синну соли номзадҳо ба мақоми вакили парлумони Қирғизистон бояд аз 25 ба 21 поин оварда шавад.

Ба таъкиди ин ҷавонон, муқаррар шудани сини аз 35 боло барои ишғоли курсии раёсати ҷумҳури кишвар ашон низ ба мақсад мувофиқ нест, ки бояд коҳиш ёбад.

Аммо Роза Отунбоева зимни як мулоқот бо лидерони ҷавонони кишвараш, ки барои муҳокимаи тарҳи нави Қонуни асосӣ гирд омадаанд, гуфт, ҳукумати муваққат ҳамеша барои гуфтушунид бо ҷавонон омода аст ва афкори ҷавонони кишвараш ҳаргиз аз мадди назари мақомоти ҳукумати муваққат соқит нахоҳад шуд.

Ба гуфтаи Роза Отунбоева, моҳи июли соли равон ҳукумати муваққат Форуми вижаи ҷавонони Қирғизистонро доир хоҳад кард.

Ҳукумати муваққат иттилои баъзе расонаҳои хабариро перомуни боз як инқилоб, ки гуфта мешавад, аз тарафи як гурӯҳ ҷавонони қирғиз ба хотири соҳиб шудан ба курсиҳои ҳукумат созмон хоҳад ёфт, беасос арзёбӣ кард.

Гуфта мешавад, рӯзи аввали Форуми ҷавонон чанд тан пешвои ҷавонон дар ин маврид ҳукумати муваққатро ҳушдор доданд, вале баъди сӯҳбати Элмира Иброҳимова, узви ҳукумати муваққатӣ, ин ҷавонон дарк намуданд, ки чунин амал нодуруст аст.

"Ҷавонон ҳанӯз омода нестанд"


Гулнора Исоқова, як тан аз коршиносони қирғиз мегӯяд, ҷавонони кишвараш ба ишғоли курсиҳои ҳукумат ҳанӯз омода нестанд ва агар ҳукумати муваққатӣ ба ин иқдом даст занад, вазъият ба бумбаст рӯбарӯ хоҳад шуд.

Ба ақидаи Гулнора Исоқова таҷрибаи ҷавонон ҳанӯз лоиқи курсиҳои ҳукумат нест.

Аммо ба ақидаи бархе аз коршиносони дигари қирғиз норозӣ кардани ҷавонони кишвар ҳукумати муваққатро ба мушкилоти наву печ дар печ мувоҷеҳ хоҳад кард.

Ба таъкиди онҳо норизоиятӣ дар миёни ҷавонон, ки инқилоб бо дасти онҳо ба вуқӯъ пайваст, оқибатҳои ногувор дар пай хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG