Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳаводиси ахири Қирғизистон, паёми раисиҷумҳур ба парлумон, интихоби дубораи М. Убайдуллоев ба мақоми раиси Маҷлиси Миллӣ, сафари бенатиҷаи ҳайати давлати Тоҷикистон ба Тошканд аз мавзӯъҳои аслии шумораҳои ин ҳафтаи нашрияҳост.

Ҳафтаномаи «Ҷомеа» навиштааст, ки яке аз сабабҳои заволи зудраси Қурмонбек Боқиев ҷалби хешовандонаш ба мақомоти давлатӣ ва махсусан бародару писараш ба вазифаҳои калидии ҳокимият буд, ки норозигии мардумро ба бор овард. Нашрия менависад, ки мутаассифона чунин таҷриба дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ васеъ истифода мешавад, ки боиси беэътимодии мардум ба ҳукуматҳо шудааст.

Ва аммо «Нигоҳ» зери унвони «Президент чӣ гуфт» дар иртибот ба паёми раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бардошт ва назари чанде аз коршиносонро ба нашр расонидааст.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик гуфтааст, ки паёми президент кадом хосият ва моҳияти инқилобиеро на дар самти сиёсати хориҷӣ ва на дар самти сиёсати дохилӣ ифода накард. Як нуктае, ки афзудааст ин коршинос, дар ин паём нисбатан ҷалби таваҷҷӯҳ кард, таъкиди президент дар бораи ҷилавгирӣ аз амалҳои зӯран ба мардум фурӯхтани саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун аст, ки метавонад як раванди нооромкунанда ва ташвишовар дар ҷомеаро боздорад.

Аммо Шокирҷони Ҳаким, муовини раиси ҲСДТ, бар ин назар аст, ки дар паёми имсола аз паёмҳои солҳои пешин кадом тафовути ҷиддиро мушоҳида накардааст. Оқои Ҳаким гуфтааст, дар ҳоле раисиҷумҳури Амрико ҳамагӣ 40 дақиқа паёми солонаи худро ироа мекунад ба беш аз ду соат тӯл додани суханронии президент мувофиқи мақсад нест. Аз сӯи дигар афзудааст, ин коршинос дар паём дар иртибот ба муҳимтарин масъалаи сиёсии кишвар интихоботи парлумонии соли ҷорӣ чизе гуфта нашуд, ки боз ҳам аз беаҳамиятии парлумон ба унвони як шохаи алоҳида ва мустақили ҳокимият дар Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Ва аммо дар ин робита нашрияи «Озодагон» матлаберо бо қалами Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори тоҷик, мунташир кардааст, ки дар он оқои Мирзо пешниҳоди президент дар рӯзҳои шанбе ташкили қабули ҳатмии шаҳрвандон аз сӯи мақомоти маҳаллиро натиҷаи таъсири ҳаводиси Қирғизистон арзёбӣ кардааст.Оқои Мирзо гуфтааст, ки фаъолияти ҳукумат дар рӯзи шанбе гувоҳи он аст, ки воқеан президент на аз ҳама масоил ва мушкилоти ҷомеа бохабар аст ва маълумоте, ки ба ӯ мерасад таҳриршуда аст. Аз ин рӯ ӯ ҳукуматҳо дар маҳалҳоро дастур медиҳад, ки мустақим бо мардум мулоқот кунанд.

«Фараж» - нашрияи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон зери унвони «Фарзин ва овоза» як матлаберо дар иртибот ба интихоби сеюмбораи Муҳаммадсайид Убайдуллоев ба мақоми раиси Маҷлиси Миллӣ - палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ба нашр расонидааст. Ба ақидаи муаллиф, ширкати фаъоли ҲНИТ ва пуштибонии фавқуллода васеи мардум аз он дар интихоботи порлумонии соли ҷорӣ, ҳаводиси ахири Қирғизистон ва маҳалли таваллуди Убайдуллоев боис шудааст, ки ин бор низ ӯ курсии нафари дуюм дар кишварро соҳиб шавад. Вагарна дар равобити раисиҷумҳур ва ҷаноби Убайдуллоев сардиҳое уфтода буд, ки аз он мардуми оддӣ низ пай бурда ва сӯҳбатҳо дар мавриди иваз кардани ӯ ин навбат бештар ба гӯш мерасид.

«Озодагон» як назарсанҷиеро таҳти унвони «Дар Тоҷикистон озодии баён риоя мешавад» доир кардааст. Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, гуфтааст, ки масъалаи озодии баён дар Тоҷикистон ҳалли худро ёфтааст. Зеро тамоми қонунҳи кишвар онро кафолат ва замонат додааст ва рӯзноманигорон низ ба оҳистагӣ ба асли ин масъала сарфаҳам мераванд. Аммо, гуфтааст ин коршинос, дар гузашта рӯзноманигорони тоҷик таҷрибаи камтар дар ин заминаро доштанд.

Аммо Файзинисо Воҳидова, як ҳуқуқшиноси мустақили тоҷик, гуфтааст, озодии баён ва ё озодии сухан дар Тоҷикистон зоҳиран вуҷуд дорад, аммо дар амал ҷомеа ва мардум дар изҳори ақида ва назари худ озод нестанд ва ҳарос доранд. Вақте андеша ва назар озодона гуфта намешавад наметавон гуфт, ки озодии баён амал мекунад.

Ва «Азия плюс» дар ин шуморааш низ талош кардааст далоили воқеии пулакӣ кардани роҳи Душанбе-Хуҷандро рӯшан кунад. Нашрия паёмадҳои зараровари ин тасмими мақомот ба зиндагии ҳамарӯзаи мардумро як-як бозгӯ кардааст. Намояндаи Оҷонси давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон ва вазорати нақлиёт ва мухобироти кишвар гуфтааст, ки ин тасмими ҳукумат ҳоло дубора мавриди арзёбист. Муаллиф бо таассуф таъкид мекунад, ки тайи чанд рӯзи талошҳояш натавонистааст бо масъулони ширкати бритониёӣ, ки масъулияти ҷамъоварии пули мусофиронро доранд, сӯҳбат кунад. Зеро онҳо бо ҳар баҳона намехоҳанд бо хабарнигорон рӯбарӯ шаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG