Пайвандҳои дастрасӣ

«Бавария» ва «Интер» дар финали Лигаи қаҳрамонони Аврупо


Дастаҳои «Бавария»-и Олмон ва «Интер»-и Итолиё ба бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонони Аврупо роҳ ёфтанд.

«Бавария» дар бозии ҷавобии ниманиҳоӣ дар меҳмонӣ «Лион»-и Фаронсаро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Ҳарсе голро Олич дар дақиқаҳои 26-ум, 67-ум ва 75-ум ба ҳадаф расонд. Бозии аввал низ бо пирӯзии футболбозони олмонӣ бо ҳисоби 1:0 ба анҷом расида буд.

«Интер» дар бозии ҷавобӣ дар сафар аз тими «Барселона»-и Испониё бо ҳисоби 0-1 мағлуб шуд. Голро Пике дар дақиқаи 84-ум зад. Вале итолиёвиҳо ба финал баромаданд, зеро ки бозии аввал бо пирӯзии «Интер» бо ҳисоби 3:1 хотима ёфта буд.

Ба ин тартиб дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонони Аврупо дастаҳои «Бавария» ва «Интер» қувваозмоӣ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG