Пайвандҳои дастрасӣ

"Интер" "Барселона"-ро аз Ҷом маҳрум кард


Роҳхати дуввум ба даври ниҳоии Ҷоми қаҳрамонҳои футболи Аврупоро тими “Интер” аз шаҳри Милани Итолиё ба даст овард. “Интер” дар бозии ҷавобӣ аз тими мизбон - “Барселона” бо натиҷаи 0 бар 1 шикаст хӯрд, вале азбаскӣ дар рақобати аввал дар майдони худ бо натиҷаи бузургтари 3 бар 1 пирӯз шуда буд, “Барселона” - барандаи феълии Ҷоми қаҳрамонҳои футболро аз ҳаққи идомаи мубориза барои ҳифзи ин мӯътабартарин ҷоизаи футболи Аврупо маҳрум кард.
Роҳхати аввалро ба даври ниҳоии ин мусобиқот тими “Бавария” аз шаҳри Мюнхени Олмон ба даст овард.
Бозии ниҳоӣ рӯзи 22 май дар варзишгоҳи “Сантяго Барнабеу”-и шаҳри Мадрид, пойтахти Испания барпо хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG