Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси Эрон дар мулоқоти Саркозӣ бо Ҷинтао


Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ гуфт, бо раҳбари Чин Ҳу Ҷинтао дар мавриди роҳҳалҳои баҳси ҳастаии Эрон гуфтугӯи “амиқ” доштааст. Аммо Саркозӣ, ки бо як сафари серӯза дар Чин ба сар мебарад, аз ироаи ҷузъиёти бештари музокироташ бо Ҷинтао худдорӣ кард. Фаронса ва Амрикову Бритониё, 3 узви доимии Шӯрои Амнияти СММ, дар посух ба саркашии Эрон аз қатъи ғанисозии ураниум аз эъмоли таҳримоти нав алайҳи Теҳрон ҳимоят мекунанд. Вале Чину Русия, ду узви дигари низ соҳиби ҳаққи вето дар ин Шӯро, то кунун ба муҷозоти Теҳрон алоқамандии зиёд нишон намедиҳанд.
XS
SM
MD
LG