Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таркиши муҳлик дар Хӯст ва сӯъиқасд дар Қандаҳор


Таркиши бомб дар улусволии Тании вилояти Хуст, дар ҷанубушарқи Афғонистон, ба як мусофирбар асобат карда, дастикам 6 ғайринизомиро кушта ба ҷо гузошт. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, дар байни қурбониён занону кӯдакон низ ҳастанд. Мошин дар пайи инфиҷор оташ гирифт ва аҷсоди қурбониён саропо сӯхтааст. СММ мегӯяд, дар Афғонистон ҳар сол бар асари хушунатҳое, ки аксараш ба Толибон рабт мегирад, то 2000 нафар аз мардуми ғайринизомӣ кушта мешаванд.
Дирӯз дар вилояти Қандаҳор Ҳоҷӣ Абдулраҳмон, раҳбари як қабилаи сокини улусволии Арғандоб кушта шуд. Мақомот дар ин қатл ҷангиёни толибро айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG