Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод аз Амрико дархости виза кардааст


Сафири Амрико дар СММ Сюзан Райс гуфт, раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дархости раводиди сафар ба Амрикоро кардааст. Аҳмадинажод мехоҳад дар анҷумани ҳастаие, ки рӯзи душанбе дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк ифтитоҳ хоҳад шуд, ширкат биварзад. Баррасии ҷараёни иҷрои паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ мавзӯъи асосии ин ҳамоиш аст. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Филлип Кровлӣ гуфт, агар Аҳмадинажод қасди ширкат дар ин анҷуманро дошта бошад, фикр намекунад, ки Вошингтон дар роҳи сафари ӯ мониа эҷод кунад.
XS
SM
MD
LG