Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав асрори фоҷиаи Катинро боз мекунад


Бойгонии давлатии Русия як идда асноди марбут ба фоҷиаи Катинро дар Интернет нашр кард. Росархив мегӯяд, бо дастури раисиҷумҳур Дмитрий Медведев ба нашри асноди марбут ба қатли омми 22 000 лаҳистонӣ дар минтақаи Катини вилояти Смоленск дар баҳори соли 1940 иқдом кардааст. Медведев дар ҷараёни боздидаш аз Дания нашри ин аснодро қарзи Маскав дар назди ҷаҳон номид.
Ҳазорон афсарону зиёиёни лаҳистонӣ дар ибтидои ҷанги дуввуми ҷаҳон дар Катин тавассути хадамоти вижаи диктатори шӯравӣ Иосиф Сталин кушта шуданд. Варшава дар тӯли солиён аз Маскав тақозо дошт, ҳама парвандаҳои марбут ба фоҷиаи Катинро боз кунад.
XS
SM
MD
LG