Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони Юнон евроро зери зарба қарор додааст


Мудири Сандуқи байналмилалии пул Доминик Страусс Кан гуфт, бӯҳрони рӯ ба вахомати қарзҳои Юнон дар маҷмӯъ эътимод ба минтақаи евроро зери зарба қарор медиҳад.
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел низ дар як сӯҳбати телефонӣ ба ин натиҷа расидаанд, ки ҳалли бӯҳрони қарзҳои Юнон ба “иқдоми қотеъона” ниёз дорад. Ин гуфтугӯ дар ҳоле сурат гирифт, ки қурби евро ба иллати амиқтар шудани бӯҳрони Юнон ба сатҳи барои як соли охир бесобиқа пойин рафт. Қаблан хонум Меркел суръат додани ҷараёни ироаи кӯмакҳои молӣ ба Юнонро ба хотири ҳифзи боқӣ минтақаи евро зарур номид. Ба дунболи ин изҳороти Меркел, мизони эътибори қарзии Испанияро пойин оварданд. Як рӯз пеш эътибори Юнону Португалияро низ пойин бурданд, ки уфти башиддати қурби евроро ба дунбол овард.
XS
SM
MD
LG