Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири дохилаи Покистон ба Душанбе омад


Вазири умури дохилии Покистон Раҳмон Малик бо як сафари серӯза вориди Тоҷикистон шудааст. Интизор меравад, ки ӯ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбарони идороти амниятиву қудратии ин кишвар масоили марбут ба ҳамкории Душанбеву Исломобод дар соҳоти амниятиро баррасӣ кунад. Раҳмон Малик дар тобистони гузашта низ аз Душанбе боздид карда буд ва зимни он сафар мавзӯъи таҳия ва тасвиби созишномаҳои ҳамкории ду кишвар дар роҳи мубориза бо ҷиноёти созмонёфта ва терроризм матраҳ шуд.
XS
SM
MD
LG