Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқтисоди Тоҷикистон 6,8 фоиз рушд кардааст


Дар 3 моҳи аввали соли 2010 маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 6,8 дарсад афзуда, қариб 4 миллиард сомонӣ, ё беш аз 900 миллион долларро ташкил додааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта мизони рушди иқтисоди Тоҷикистон ба иллати бӯҳрон ҳамагӣ 3,5 фоиз, яъне қариб 2 маротиба камтар аз соли ҷорӣ будааст. Бино ба омори расмӣ, тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 3 моҳи аввали соли равон наздики 800 миллион долларро ташкил дод, вале 70 дарсади ин тиҷорат аз ҳисоби воридот ба даст омадааст.
XS
SM
MD
LG