Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон ба таълими 12-сола мегузарад


Парлумони Тоҷикистон ба қонуни маориф банди наве ворид кард, ки аз соли 2016 дар ин кишвар низоми 12-солаи таълим дар макотиби миёнаро ҷорӣ мекунад. Вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов дар парлумон гуфт, аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла аксари кишварҳои пасошӯравӣ ба чунин низоми таълим гузаштаанд, вале гузариш ба низоми нави маориф дар Тоҷикистон батадриҷ сурат хоҳад гирифт.
Аз соли нави таълим, қарор аст, кӯдаконро аз синни шашсолагӣ ба мактаб қабул кунанд.
Феълан дар макотиби миёнаи Тоҷикистон 1 миллиону 769 ҳазор ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
XS
SM
MD
LG