Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Воксинҳои зидди полиомелит ба Тоҷикистон расид


Қариб 4 миллион воксини зидди бемории сироятии полиомелит, ё худ фалаҷи кӯдак, ки ЮНИСЕФ, Сандуқи кӯдаки СММ харидорӣ кардааст, ахиран ба Душанбе оварда шуд.
Сухангӯи дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Александр Содиқов гуфтааст, ин воксинҳо акнун миёни муассисаҳои тиббӣ тақсим карда хоҳанд шуд. Қарор аст, дар моҳҳои майу июни соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бо истифода аз ин воксинҳо маъракаи эмкунии беш аз 1 миллион кӯдаки зери синни панҷсола гузаронда шавад. Бемории полиомеолит баъд аз 13 сол дубора дар Тоҷикистон буруз карда, мунҷар ба ҳалокати 11 тифл шудааст. Вале мақомоти Душанбе мегӯянд, то ҳол бар асари маҳз ҳамин беморӣ даргузаштани фақат як тифл ташхис шудааст.
XS
SM
MD
LG