Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 зина пойин шудани Тоҷикистон дар ҷадвали ФИФА


Тими миллии футболи Тоҷикистон бар асоси натоиҷи моҳи апрел дар раддабандии ҷадиди ФИФА 5 зина пойин рафта, дар байни 207 кишвар дар мақоми 135-ум ҷой гирифт. Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин раддабандӣ аз Туркманистону Қирғизистон болотар буда, вале аз Узбакистону Қазоқистон ақиб мемонад.
Дар раддабандии Иттиҳодияи ҷаҳонии футбол ин бор тими Бразилия дар мақоми аввал Испанияро танг кард. Португалия аз Ҳолланд пеш гузашт ва дар мақоми севвуми ин ҷадвал қарор гирифт. Дар ҷойи 5-ум ҳамчунон Итолиё қарор дорад. Аз миёни кишварҳои шӯравии собиқ болотарин мақомро Русия дорад, ки дар зинаи 11-уми ҷадвали ФИФА ҷой гирифтааст.
XS
SM
MD
LG