Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев бойгонии қатлҳоро боз кард


7 -уми апрели соли 2010, маросими ёдбуди қурбониёни Катин
7 -уми апрели соли 2010, маросими ёдбуди қурбониёни Катин

Бо дастури Дмитрий Медведев, президенти Русия рӯзи чаҳоршанбе сомонаи Бойгонии давлатии Русия, парвандаҳои куштори дастаҷамъии солҳои даҳҳаи 1940 -ум дар Катинро нашр намуд.

Раҳбари бойгонии давлатии Русия пахши парвандаҳоро ҳамчун намунаи боз будани кишвараш ситоиш кард.

Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки ба гуфтаи коршиносони соҳа мӯҳтавои ин парвандаҳо кайҳо боз ошкор буд. Аммо бахши бузурги асноди марбут ба куштори Катин ҳанӯз ҳам пушида боқӣ мондааст.

Русия барои аввалин бор баъзе санадҳои давраи Ҷанги Дуввуми Ҷаҳон, куштори ҳазорон афсари Лаҳистон бо дастури Сталинро ба ҷомеъа ошор кард.

Изҳороти раҳабари Бойгонии Давлатии Русия Андоей Артизов дар пасманзари гармшавии равобити Русияву Лаҳистон ва марги фоҷеъавии раиси ҷумҳури Лаҳистон Лех Качинский садо дод.

Ҳавопаймои Качинский дар роҳ ба сӯи Катин суқут кард. Қарор буд раиси ҷумҳури Лаҳистон дар солгарди Катин иштирок кунад.

Мӯҳрҳои "комилан махфӣ" боз мешавад

Раҳбари Бойгонии Давлатии Русия Андрей Артизов мегӯяд, то ҳол асноди "Парванди махсуси рақами 1" танҳо ба гурӯҳи интихобии пажӯҳишгарон дастрас буд.

Вале акнун бо дастури раиси ҷумҳур Димитрий Медведев бойгонӣ дар торномаи "Росархив" наш шуд.

Андрей Артизов ин иқдомро мавқеъи комилан бози кишвараш дар баробари ҳаводиси Катин арзёбӣ кард.

Аммо нашри ин аснод дар торнома ҳанӯз комилан ошкор шудани қазияи Катин нест, ки Лаҳистон солҳо боз талабашро бо Русия матраҳ кардааст.

Бахши аъзами парвандаҳои марбут ба куштори дастаҷамъонаи афсрони Лаҳистонӣ бо амри Сталин, ҳанӯз ҳам "мӯҳри махфӣ" доранд ва аз назари мардум пинҳон мондаанд.

Дастури Елтсин дар соли 1991

Тавре Ян Рачинский, корманди созмони дидбони ҳуқуқи башари "Мемориал" мегӯяд, паравандоҳои нашршуда ҳанӯз аз авоили солҳои 90 ум маълум буданд ва дигар ҳеҷ асроре надоранд.

Ба гуфтаи ӯ, санадҳои аслӣ, ки нақши Сталин ва Бюрои сиёсиро дар ин ҷинояти низомӣ собит мекунад, соли 1992 бо амри Елтсин нашр шуд.

Моҳи май-апрели соли 1940 ба думболи таҳоҷум ба бахши Шарқии Лаҳистон, пулиси маҳфии Русия ҳудудн 22 ҳазор афсари лаҳистониро дар ҷангали Катин ва манотиқи дигари қисмати Ғарбии Русия ба қатл расонд.

Куштори дастаҷамъонаи афсарони Лаҳтстони дар маҳалли Катин солҳо омили сардии муносибот байни ин кишвар бо Русия буд. Маскав то соли 1990 мегуфт, ки кушторро фашистҳои Олмон анҷом додаанд.

Андрей Артизов мегӯяд, ба санадҳое, ки дар торномаи Ростархив нашр шудаанд, ҳуҷҷатҳои соли 1940 шомиланд, ки тибқи онҳо раҳбари пулиси махфии Сталин - Лаврентий Берия тарҳи қатли асирони лаҳистониро пешниҳод карда ва Бюрои Сиёсӣ ин тарҳи Берияро тасвиб кардааст.

Талошҳои "Мемориал"

Созмони “Мемориал”, ки солҳо бо талошҳои хастагинопазир аз додгоҳи Русия талаб дорад, ки санадҳои Катинро ошкор кунад, нашри парвандаҳоро қисман пирузии худ медонад.

Ин гурӯҳ аз додситони кишвар мехохад, баррасии парваҳвандаи Катинро, ки соли 2004 қатъ шуда буд, дубора аз сар бигирад.

"Ин раванд натоиҷи хубе хоҳад дод, ҳатто агар ба қазияи Катин рӯшноие наандозад," - мегуяд Славомир Денбский, раҳбари Пажӯҳмшгоҳи умури байналмилаии Лаҳистон.

Ба назари ӯ ин далел, ки парвандаҳо дар торнома нашр шудаанд, ба ин маъниест, ки Русия мехоҳад ба устураву қиссаҳо дар атрофи Катин хотима гузорад.

Бойгониҳои бо "мӯҳри махфӣ"-и Тоҷикистон боз мешаванд?

Аз суқути Шурвӣ солҳо сипарӣ шудааст, аз давраҳои сталинӣ даҳсолаҳо. Аммо бисёре аз кишварҳои собиқ шуравӣ ҳанӯз ҳам бойгониҳои худро ба рӯи ҷомеъа боз накардаанд.

Ахиран Тоҷикистон изҳор дошт, ки омодааст, бойгонии ҷанги шаҳрвандиро барои омӯзиши дипломатҳои хориҷӣ омода кунад.

Аммо ончӣ қабл аз ҷанги шаҳрвандӣ аз сари кишвар ва мардуми он гузашта буд, то ҳадди зиеёде рози сар ба муҳр боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG