Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маргумири коргарон дар маҳалли кор


Дар се моҳи соли ҷорӣ ба далели риоя нашудани меъёрҳои бехатарӣ дар маҳалли кор дар Тоҷикистон 2 нафар ҷони худро аз даст дода, 2 нафари дигар захми шадид бардоштаанд.

Мурод Ҷураев, раиси саридораи назорати давлатии бехатарӣ дар бахши санот ва сохтмони давлати Тоҷикистон, гуфт, ки ин ҳодисаҳо дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун рух додааст.

17 кушта дар як сол

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи Саъдӣ Мирзоев, масъули идораи ҳифзи меҳнат ва бехатарии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар як соли ахир 80 ҳодисаи садама дар ҷойҳои кор рӯх додааст, ки бар асари он 17 нафар кушта ва 150 нафар маъюб шудаанд.

Ҷаноби Мирзоев мегӯяд, сатҳи риояи меъёрҳои бехатарии меҳнат ва масъулияти корфармо, чи дар ширкатҳои дохилӣ ва чи хориҷӣ, яксон аст. Вале манзара дар ду сохтмони ҳампаҳлӯ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт, ки яке аз сӯи ширкати дохилӣ ва дигаре аз ҷониби ширкати Туркия сурат мегират мутафовит аст.

Кор бо сари лӯч

Кормандони ширкати тоҷикистонӣ, ки аз ифшои номи ширкат худдорӣ карданд, бо истинод ба он, ки «ин сохтмон президентист», ба мо иҷозаи вуруд надоданд. Дар ҳоле ки коргарон дар ошёнаи дуввум бидуни тоскулоҳ ё каска кор мекарданд. Ин сохтмон як маркази оддии савдост, ки дар паҳлӯи меҳмонхонаи ҳаштқабата бунёд мешавад.

Сохтмони меҳмонхонаро ширкати «Туркиш арк» бар ӯҳда дорад. Як коргари ин ширкат Абубакр Маҳмудов дар мавриди риояи меъёрҳои бехатарӣ дар ин ширкат мегӯяд, "ҳар рӯз саҳар моро бо меъёрҳои бехатарӣ ошно мекунанд. Барои вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ 30 доллар ҷарима ситонида мешавад".

"Бехатарӣ асоси кори сохтмон аст"

Зекӣ Аталай, раҳбари ширкати сохтмонии туркӣ, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар мавриди таъмини бехатарии коргарон гуфт, «бехатарӣ асоси кори сохтмон аст ва ба ин далел мо ҳамарӯза ба ин бахш аҳамият медиҳем. Агар чунин ҳодиса рух диҳад, мо зарардидаро аз ҳисоби ширкат табобат мекунем ва ҷубронпулӣ пардохт мекунем.»

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Саъдӣ Мирзоев аз Вазорати кор ва шуғли аҳолӣ, на ҳама корхонаҳо меъёрҳои бехатариро риоя мекунанд. Ва ҳодисаҳое низ рух медиҳад, ки бархе аз корхонаҳо ба ҳар роҳу васила талош мекунанд, аз додани ҷубронпулӣ канор раванд.

Ҷаноби Мирзоев гуфт, тибқи қонун, корманди фавтидаи ҳар як корхона бояд баробари 10 моҳона ҷубронпулӣ бигирад ва фарзандони ӯ бояд бо нафақа таъмин шаванд.

Ҷуброн - интиқоли тобут

Бино ба омори манобеи мустақил, беш аз 50 дарсади муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар ба далели ҳодисаҳои нохуш ба ҳалокат мерасанд, коргарони ширкату сохтмонҳоянд, ки дар бархе аз мавридҳо ҷуз пардохти пули интиқоли тобут ҳеҷ навъ ҷубронпулӣ ва ё нафақае аз сӯи ширкатҳои корфармо дарёфт намекунанд.

Ба гуфтаи Бюрои байнулмилалии ҳифзи меҳнат, ҳамарӯза дар ҷаҳон аз захми истеҳсолӣ 6300 нафар ҷони худро аз даст медиҳад, ки дар сол 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG