Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ба Оқоев ҳаққи бозгашт дод


Давлати муваққат дар Қирғизистон имрӯз гуфт, ба Аскар Оқоев, раиси ҷумҳури пешин иҷоза хоҳад дод, то ба кишвар бозгардад. Ба гуфтаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Омурбек Текебоев, муовини раиси давлати муваққат, ба хабарнигорон гуфт, ба Аскар Оқоев ва хонаводааш иҷоза медиҳанд, аз Русия ба ҳайси раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон баргардад, аммо танҳо баъди интихоботи порлумонии рӯзи 10 декабр. Аскар Оқоев, аз соли 1990 раиси ҷумҳури Қирғизистон буд ва соли 2005 баъди тазоҳуроти густурдаи мардум аз мақомаш барканор шуд. Вай то кунун ба ҳайси устоди физика дар Донишгоҳи Давлатии Маскав кор мекунад.
XS
SM
MD
LG