Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Страусс Канн: "Хатар бузургтар аз бӯҳрони Юнон аст"


Доминик Страусс Канн, мудири Сандуқи Байналмилалии Пул, имрӯз гуфт, бо бадтар шудани бӯҳрони молӣ дар Юнон, эътимод ба тамоми кишварҳои ҳавзаи ягонаи пули евро дар хатар аст. Ӯ баъди мулоқот бо Волфганг Шойбл, вазири дороии Олмон, Жан Клод Тришет, мудири Бонки Марказии Аврупо ва вакилони баландпояи порлумони Олмон гуфт: "Албатта имрӯз вазъи иқтисодии Юнон дар хатар аст, аммо хатар бузургтар аз ин аст, зеро Юнон бахше аз ҳавзаи воҳиди пули евро мебошад. Ҳоло эътимод ба ин ҳавза дар хатар аст, барои ҳамин мо бояд ҳарчӣ зудтар ва қотеъона амал кунем." Баъди он ки ниҳодҳои нозири молӣ, гуфтанд, қудрати Юнон дар бозгардонидани қарзҳои хориҷиаш ба поёнтарин сатҳ расидааст, арзиши саҳҳом дар бозорҳои ҷаҳонӣ коҳиш ёфт ва арзиши евро ҳам дар баробари доллар ба андозае поён рафт, ки тайи як соли ахир мушоҳида нашудааст. Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул қасд доранд, барои наҷоти Юнон аз бӯҳрони молӣ ба ин кишвар 60 миллиард евро қарз бидиҳанд.
XS
SM
MD
LG