Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломи музояда барои пажӯҳиши нерӯгоҳи Роғун


Масъулони ширкати «Барқи Тоҷик» аз эъломи тендер ё музоядаи байналмилалӣ барои арзёбии заминаҳои молӣ ва бехатарии плотина ё сади нерӯгоҳи Роғу, ҷанбаҳои экологӣ ва таъсироти иҷтимоии он хабар доданд.

Маҳмадамин Аминов, масъули «Барқи Тоҷик», рӯзи чаҳоршанбеи 28 апрел дар нишасте ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки «мушовирони Бонки ҷаҳонӣ ҳафтаи гузашта аз маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун дидан карданд. Онҳо баъзе суолҳо доштанд ва мо хоҳиш кардем, ки ба таври хаттӣ суолҳояшонро матраҳ кунанд ва мо низ ба таври хаттӣ ба суолҳои онҳо ҷавоб хоҳем гуфт».

Ҳамчунин ҷаноби Аминов гуфт, ки бар иловаи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ҳукумати Тоҷикистон ҳафт нафар мушовирони дигарро дар чаҳорчӯби муқаррароти ин бонк барои арзёбии молӣ ва фаннӣ ва ташхиси экологӣ ва таъсироти иҷтимоии нерӯгоҳи Роғун ҷалб хоҳад кард.

Ба гуфтаи вай ин мушовирони мустақил, «умдатан мутахассисони муҳандиси заминшинос ё геолог, муҳандисони плотина ё садд, экологҳо ва ғайра хоҳанд буд».

Ҷаноби Аминов афзуд, онҳо ба ду гурӯҳ тақсим хоҳанд шуд, ки яке масоили таҳияи лоиҳаи санади молӣ ва фаннӣ ва бехатарии плотина ва гурӯҳи дигар арзёбии экологии лоиҳаро анҷом хоҳанд дод.

Тибқи иттилои Маҳмадамин Аминов, аз даҳ ширкате, ки дар музояда ҷалб шудаанд, ду ширкат интихоб хоҳанд шуд, ки масоил марбут ба таҳияи лоиҳаи санади фаннӣ ва молӣ ва ташхиси экологии нерӯгоҳро анҷом хоҳанд дод.

Дар ҳамин ҳол имрӯз коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ҳамроҳ бо Абдулло Ёров, раиси ширкати «Барқи Тоҷик», аз маҳалли нерӯгоҳи «Норак» дидан карданд.

Гурӯҳи коршиносон Бонки ҷаҳонӣ рӯзи 20-уми апрел вориди Тоҷикистон шудаанд, ки ҳадафи аслии ин ҳайат дар ҳамкорӣ бо давлати Тоҷикистон арзёбии ТЭО ё лоиҳаи санади фаннӣ ва молӣ ва ташхиси бехатарии плотина ва экологии нерӯгоҳи Роғун мебошад.
XS
SM
MD
LG