Пайвандҳои дастрасӣ

Файзулло Бобохонов, додситони ноҳияи Ҳисор, дар ҳоле аз вазифаи худ канор рафт, ки падари ӯ - Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кул, бо амри раисиҷумҳур аз вазифааш барканор гардид.

Суқути падар - суқути писар?

Файзулло Бобохонов, фарзанди Бобоҷон Бобохонов, аст, ки соли 1999 соҳиби дипломи ҳуқуқшиносӣ гардида, соли 2005 додситони ноҳияи Ҳисор таъйин шуд.

Коршиносон мегӯянд, “суқут”-и Бобоҷон Бобохонов ба унвони додситони кул, ки тайи ду давраи панҷсола дар ин симмат қарор дошт, боис ба “суқут”-и фарзанди ӯ низ гардидааст.

Аммо Файзулло танҳо нафаре нест, ки то ин муддат ба унвони фарзанди шахси мансабдори давлатӣ дар Тоҷикистон ба вазифаҳои масъул пазируфта шуда ё ба зинаҳои болотар ва поёнтаре фароварда шудааст.

Кӣ ва дар куҷо?

То ин муддат Рустами Эмомалӣ ва Озода Раҳмон, ду фарзанди раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба симматҳои муовинони раиси Иттифоқи ҷавонон ва вазири умури хориҷӣ пешбариву пазируфта шудаанд.

Амирҷон Убайдуллоев, фарзанди Маҳмадсайид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллӣ, ҳоло дар вазорати молия кор мекунад.

Духтар ва писари Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон, низ гуфта мешавад, ки ба унвони афсарони Артиши Миллӣ хидмат мекунанд.

Манучеҳр Наҷмуддинов, фарзанди Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири молияи Тоҷикистон аст, ки дар интихоботи моҳи феврали соли 2010 дар қатори Рустами Эмомалӣ ба Маҷлиси шаҳри Душанбе вакил интихоб гардид.

Фарзандони бархе дигар аз вазирону раисони кумитаҳои давлатӣ дар Тоҷикистон, бо вуҷуди ин ки мансабҳои хоси расмӣ надоранд, ҳоло дар хориҷ аз кишвар машғули таҳсиланд, ё дар кишвар тиҷорати худро роҳандозӣ кардаанд ва ё вазифаҳои одиеро дар ягон корхона ба ӯҳда доранд. Аммо муҳимтарин нукта ин аст, ки дар Тоҷикистон дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти фарзандони афроди мансабдор кам сӯҳбат мешавад. Расонаҳо низ аксар вақт аз матраҳ кардани ин мавзӯъ ё парҳез мекунанд ва ё эҳтиёткорона масъалагузорӣ менамоянд.

Мо дигар ва онҳо дигар?

Зарина Ашӯрова, духтари Амонулло Ашӯр, раиси Идораи зиддиинҳисории назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон аст. Вай номзади илмҳои тиб буда, дар Институти бемориҳои занонаи шаҳри Душанбе кор мекунад.

Вай мегӯяд, “аз обрӯву нуфузи падари худ истифода ҳам набурдаам. Вазифаи баландеро ҳам ишғол накардаам. Фарзандони падари ман ҳамагӣ хоксоранд. Мо чизи бештаре аз дигарон надорем. Дар ин бора боз фикри ҳама ҳар хел аст”.

Хонум Заррина ҳамчунин гуфт, ки шеваи зиндагии онҳо аз зиндагии аксар сокинони Тоҷикистон тафовути хосе надорад.

Вале ҷавонони одии кишвар, ки фарзандони сокинони одӣ ва ё кормандони одӣ ҳастанд, дар ин бора назари дигар доранд. Онҳо мегӯянд, фарзанди мансабдорони давлатӣ, ки дар чашми онҳо баробар бо қишри сарватманди ҷомеа ба ҳисоб меоянд, дар мусофирбарҳои ҷамъиятӣ намегарданд ва ҳам дар ошхонаву чойхонаҳои одӣ мисли одамони одӣ хӯрок намехӯранд.

Фирдавси Аъзам, як ҷавони тоҷик, дар сӯҳбат ба мо гуфт, дар ҳоле ки ҷавонони одӣ дар пайи дарёфти рисқу рӯзӣ дар муҳоҷиратанд ва ё дар саҳро кор мекунанду пас аз таҳсил барои худ ҷойи кори муносибе намеёбанд, фарзандони афроди мансабдор чунин мушкилро надоранд. “Фарзанди вазирон дар хориҷа ҳастанд, таҳсил мекунанд, сафар мекунанд. Пул, фикр мекунам, барои онҳо арзише надорад. Аммо барои мисли ман як ҷавони одӣ хеле арзиш дорад”, -афзуд ӯ.

Мустақилона ё бо сӯйистифода?

Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири молияи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодӣ” гуфт, ки писараш Манучеҳр Наҷмуддинов танҳо бо кӯшишҳои худ кор карда, ахиран бидуни кадом пуштибоние аз падар ба Маҷлиси шаҳри Душанбе низ роҳ ёфтааст.

“Рости гап, ман низ мисли Шумо хабари ба вакилӣ интихоб шудани ӯро аз рӯзномаҳо дарёфтам. Гузашта аз ин, вай як шахси мустақил аст. Оиладор аст, ду фарзанд дорад. Солҳои тӯлонӣ дар ҳукумати шаҳри Душанбе ва Бонки миллӣ кор кардааст. Ду маълумоти олӣ дорад. Боз такрор мекунам, ки ӯ новобаста аз ман мустақил аст. Ва ин тасмимҳояш низ ба вазифаи ман муносибат надорад”,-афзуд Сафаралӣ Наҷмуддинов.

Ин нуктаест, ки тақрибан ҳамаи вазирону раисони кумитаҳои давлатӣ дар мавриди фарзандони худ мегӯянд.

Вале Шокирҷони Ҳаким, ҳуқуқдон ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, бар хилофи ин ҳама мегӯяд, баъзе аз фарзандони афроди соҳибмансаби давлатӣ аз мансабҳое, ки падарони онҳо дар ихтиёр доранд, сӯиистифода мекунанд. Вай меафзояд, “ҷавонон, ҳамсолони онҳо вақте мебинанд, ки бидуни доштани дониш ва истеъдод фақат фарзанд авлод ё уммуияти пайвандӣ доштан бо кормандони ҳокимияти давлатӣ боиси аз имтиёзҳо бархӯрдор будан мешавад, як дилхуункие ба вуҷуд меорад. Ва ин ҳама боиси халалдор гардидани сиёсати кадрии давлати Тоҷикистон низ шудааст”.

Тоҷикистон: вазъ беҳтар ё бадтар?

Бо ин вуҷуд, ҳузури аъзои хонаводаи раҳбарони аввал ва ҳамчунин мансабдорони давлатӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ падидае маъмулӣ шудааст.

Ҳоло Дариға Назарбоева, духтари президенти Қазоқистон, раҳбарии Сандуқи президенти аввалро ба ӯҳда дорад. Хоҳари ӯ Олия ба соҳибкорӣ машғул буда, шавҳараш Темур Ҳусейнов дар ширкати роҳи оҳани Қазоқистон соҳии мақоми баланд аст.

Гулнора ва Лола - духтарони раисиҷумҳури Узбакистон - Ислом Каримов яке ба ҳайси намояндаи Тошканд дар Созмони милал дар Женева ва дуввумӣ ба сифати намояндаи кишвараш дар ЮНЕСКО дар Порис ифои вазифа мекунанд.

Максим Боқиев, писари раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев буд, ки дар авохири соли гузата ба раёсати Ожонси давлатии рушду сармоягузорӣ ва навовариҳои он кишвар пазируфта шуд. Вале баъд аз сарнагунии ҳукумати Боқиев аксари расонаҳо ӯро ба унвони “писари сархӯри дадош” ном бурданд.

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик мегӯяд, дар ин маврид вазъ дар Тоҷикистон аз кишварҳои минтақа чандон беҳтар набудааст. “Ва далел ҳам ин аст: вақте беш аз 50 дарсади мардум камбизоат унвон мешавад, аслан он хонаводаҳое роҳат зиндагӣ мекунанд, ки ба ин ё он мақоми баландпоя наздикӣ доранд. Дигар ин ки имрӯз, мутаассифона, мансабҳои давлатӣ ба як воситаи тиҷорат табдил шудааст. Яъне, фарқ гузошта намешавад, ки кӣ ба чӣ хотир ба мансабҳои давлатӣ роҳ меёбад: ба хотири сарватманд шудан ё хидмат ба мардум”, меафзояд ӯ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG