Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтӯгуи "фарогири" Николя Саркозӣ бо Ҳу Ҷинтао


Николя Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса, имрӯз гуфт, бо Ҳу Ҷинтао, ҳамтои чинии худ дар мавриди барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон гуфтӯгуи "фарогире" доштааст. Николя Саркозӣ, ки бо сафари серӯзае вориди Чин шуд, ҷузъиёти мулоқоташ бо Ҳу Ҷинтаоро ошкор накард. Фаронсаву Амрико саъй доранд, то Эронро бо таҳримоти тозаи байналмилалӣ танбеҳ диҳанд, аммо Русияву Чин чандон мойил нестанд, то ба зидди Эрон таҳримоти нав эъмол шавад.
XS
SM
MD
LG